Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин шаҳри ҷаҳон кадом аст?


Шаҳри Вена
Шаҳри Вена

Вена, маркази Австрия, дар пажӯҳиши тозаи ширкати назархоҳии “Мерсер” дар Амрико беҳтарин макони зист дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Соли гузашта Вена дар ин назархоҳӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифта буд, аммо имсол пешсафи қаблӣ шаҳри Сюрихи Швейсарияро пеш гузашт. Бояд гуфт, ки дар қатори 10 беҳтарин шаҳри олам шаҳрҳои аврупоӣ бартарӣ доранд. Миёни онҳо танҳо Ванкувери Канада дар макони чаҳорум, Окланди Зеландияи Нав дар мақоми панҷум ва Сиднеи Австралия дар макони даҳум ҷой гирифтаанд.

Таҳқиқи ширкати “Мерсер” бар асоси кайфияти зиндагӣ, даромад ва хароҷоти мардум ҳисобу китоб шудааст. Миёни 50 беҳтарин ҷойи зисти ҷаҳон низ ҳузури шаҳрҳои аврупоӣ чашмрас аст. Инҳо Сюрих, Женева, Дюселдорф, Мюнхен, Франкфурт ва Берн мебошанд. Дар ин феҳрист Лондон, пойтахти Бритониё, дар ҷои 38, Ҳонолулои Амрико 29, Сингапур 26, Токио 35 ва Бағдод бо пасттарин нишондод дар поини ин феҳрист, яъне макони 215-ум қарор дорад.

Пажӯҳиши ширкати “Мерсер” 215 шаҳри дунёро дар бар мегирад ва муаллифон менависанд, ки натиҷаҳои пажӯҳиш ба ҳукуматҳо ва ширкатҳои бузург дар муайян кардани маоши коргаронашон дар хориҷа кӯмак хоҳад кард. Слагин Паракатил, пажӯҳишгари аршади ширкати Мерсер, мегӯяд, дар натиҷаи бӯҳрони молӣ ширкатҳои байнулмилалӣ талош доранд, ки мизони масрафоти худро поин баранд ва ин пажӯҳиш барояшон дар танзими кору сарфҳояшон мусоидат хоҳад кард. Ба назари вай, бисёри ин ширкатҳо мехоҳанд теъдоди корманданашонро дар хориҷа коҳиш диҳанд ва акнун онҳо имкон доранд бо назардошти сатҳи зиндагӣ ва қиммати хадамоти маконҳои муайяни ҷаҳон масрафҳояшонро мушаххас намоянд.

Дар ин пажӯҳиш инчунин хадамоти маишии шаҳрҳои ҷаҳонро дар бар гирифтааст, яъне аз назари таъмин бо нерӯи барқ, истеъмоли
Аммо “Мерсер” вазъи кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказиро мавриди назарпурсӣ қарор надодааст
об, харҷи телефон, почта, нақлиёти мусофирбар, хӯрокворӣ, шиддати нақлиёт дар роҳҳои шаҳр ва мавҷуди хатҳои парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо. Аз ин нишондодҳо Сингапур бо касби 109 хол дар ҷои аввал, Мюнхен дуввум ва Копенгаген дар ҷои свевум қарор доранд. Шаҳрҳои Ҷопонии Тсукуба ва Ёкоҳама чаҳорум ва панҷум ва Дюселдорфу Ванкувер дар ҷои шашуманд. Дар ин рӯйхат Бағдод бо касби ҳамагӣ 19 хол дар ҷои охир қарор дорад.

Паракатил шарҳ медиҳад, ки сатҳи хадамоти маишӣ ба сатҳи зиндагии кормандони хориҷии ширкатҳо таъсири зиёд дорад. Дар баъзе шаҳрҳо ин кормандон бо мушкилҳои сахт рӯбарӯ мешаванд ва ширкатҳо бояд барои пардохти баҳои ин нороҳатиҳо маблағи муайянро дар назар гиранд. Шаҳрҳои Аврупои Шарқӣ дар муқоиса бо солҳои қабл нишондодҳояшонро беҳбуд бахшиданд. Ҳамин тавр, Люблянаи Словения ҳоло чор зина пеш рафта, дар ҷои 78 ва Братиславаи Словакия се зина боло баромада дар макони 88 ҷой доранд.

Дубаи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб бо макони 77-ум ва Порт Луиси Мавритания бо макони 82-ум беҳтарин шаҳрҳои минтақаи Ховари Миёна ва Африқо арзёбӣ шудаанд. Ширкати “Мерсер” менависад, ҳангоми арзёбии сатҳи зиндагии шаҳрҳо муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва хадамоти маишӣ ба инобат гирифта шуд.

Аммо, мутаассифона, ин гузориш вазъи кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш дар минтақаи Осиёи Марказиро мавриди таҳқиқ қарор надодааст.
XS
SM
MD
LG