Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мексика тарабхонаву мактабҳо баста шуданд


Мақомоти шаҳрдории Мехико тарабхонаҳои маҳаллиро аз таҳияву пешкаши ғизо манъ карда танҳо иҷозаи фурӯши хӯроки зудпухту зудфурӯшро ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии зукоми хук доданд. Инчунин мақомоти Мексика мактабҳоро баста ҳамоишу гирдиҳамоиҳои дастаҷамъиро манъ карданд, бархе ширкатҳои саёҳиву ҳавопаймоҳо аз анҷоми парвозҳо даст кашидаанд. Дар ин кишвар мақомоти беҳдоштӣ дар бораи даргузашти 159 нафар гузориш доданд. Мири шаҳри Мехико Марсело Эбрард дар заминаи тадбирҳои зидди зукоми хук дирӯз гуфт:

"Агар мо амалиёти худро дар рӯзҳои оянда ҳамингуна идома диҳем, ки худ хеле муҳим аст, мо на танҳо тавони ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, балки инчунин имкони коҳиши ҳалокати инсонҳоро ҳам хоҳем дошт. Ин ҳадафи хеле муҳим ва аслии мо аст".

Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори нафарони ҳалокшуда бар асари ин маризиро, ки дар қайди онҳо ҳастанд, ду баробар камтар нишон медиҳанд. Ин ташкилоти вобаста ба СММ аз давлатҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ҷилавгирӣ аз паҳншавии зукоми хук омода шаванд. Ҳоло ҳодисаҳои гирифторӣ ба беморӣ дар Мексика, ИМА, Канада, Бритониё, Испания, Исроил ва Зеландияи Нав ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG