Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко бо Путин мулоқот мекунад


Нахуствазири Украина Юлия Тимошенко имрӯз қарор аст дар ҷараёни боздидаш аз Маскав бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору мулоқот кунад. Қарор аст баррасии масъалаҳои энержӣ дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор дода шавад. Тибқи гузоришҳо, Тимошенко ният дорад ба коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табии русӣ, ки ба Украина ворид мешавад, пофишорӣ кунад. Чунин коҳиш ба Украина имкон медиҳад, ки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ миллиардҳо долларо сарфа кунад. Тимошенко барои ҳалли баҳси сари қарзи истифодаи гази табиӣ бо Русия вориди музокира шуда ниҳоят онро ҳал кард. Моҳи январ бо сабаби моҷароҳо миллионҳо аҳолии Аврупо аз газ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG