Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешравӣ дар масъалаи Манас миёни ИМА ва Қирғизистон


ИМА мегӯяд, дар амри мутақоидсозии Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз бастани пойгоҳи нирӯҳои амрикоӣ ба пешравие даст ёфтаанд. Сухангӯи Пентагон гуфт, ки мақомоти амрикоӣ бо ҳамтоёни қирғизашон вориди музокирот шудаанд ва дар бораи тамдиди мӯҳлати иҷораи пойгоҳи Манас, ки барои идомаи амалиёти низомӣ дар Афғонистон ба нирӯҳои амрикоӣ мусоидат мекунад, гуфтугӯҳо давом дорад. Қирғизистон моҳи феврал, баъди ваъдаи кӯмаки думиллиардолларии Русия ба Бишкек, тасмими басташавии ин пойгоҳро эълон кард. Дар ин пойгоҳ ҳудудан як ҳазор нирӯҳои амрикоӣ қарор доранд ва он яке аз муҳимтарин қароргоҳҳои низомии нирӯҳои амрикоӣ аз назари ҳифзу нигаҳдории муҳимоту захираҳои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG