Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зукоми хук ва хатароти паҳншавии он


Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки ба як маризии эпидеомиологӣ, яъне сирояти сартосарӣ бадал шудани зукоми хук ногузир аст. Кейҷӣ Фукуда, як мақоми баландпояи ин созмон дар нишасти матбуотие дар Женева гуфт, ки кишварҳои ҷаҳон бояд барои муқобила бо ин маризӣ омодагӣ дошта бошанд. То имрӯз роҷеъ ба даргузашти беш аз 150 нафар дар Мексика гузориш мешавад, ки пасон ба давлатҳои дигар низ тавсеа ёфтааст. Мири шаҳри Мехико дар заминаи тадбирҳои зидди зукоми хук дирӯз гуфт:

"Агар мо амалиёти худро дар рӯзҳои оянда ҳамингуна идома диҳем, ки худ хеле муҳим аст, мо на танҳо тавони ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, балки инчунин имкони коҳиши ҳалокати инсонҳоро ҳам хоҳем дошт. Ин ҳадафи хеле муҳим ва аслии мо аст".

Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори нафарони ҳалокшуда бар асари ин маризиро, ки дар қайди онҳо ҳастанд, ду баробар камтар нишон медиҳанд. Ҳоло ҳодисаҳои гирифторӣ ба беморӣ дар Мексика, ИМА, Канада, Бритониё, Испания, Исроил ва Зеландияи Нав ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG