Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Амрико аз шурӯи амалиёти зиддитолибон


ИМА шурӯи амалиёти амниятии Покистонро зидди ҷангиёни Толибон дар минтақаи шимолу ғарби Исломобод истиқбол кард. Сухангӯи вазорати дифои Амрико Ҷефф Морелл оғози амалиётро дар манотиқи Бунер ва Дир ҳамчун посухи "муносиб" ба Толибон ситоиш кард. Вай гуфт, ки ИМА Покистонро барои идомаи амалиёт ташвиқ мекунад ва дар сурати зарурӣ омода аст дасти кӯмаки худро низ дароз кунад. Ҷангиён баъди он вориди минтақа шуданд, ки ҳукумат бо ташкили қонуни шариат дар минтақаи Свот розӣ шуд ва баъдан ҷангиён талош карданд нуфузи худро дар манотиқи атроф низ тавсеа бахшанд. Мунаққидон гуфтанд, ки ҷангиён аз ин созиш боз ҳам далертар шуданд. Қабл аз шурӯи амалиёт вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

"Шаби гузашта тахминан 450 ҷангӣ ҳангоми ворид шуданашон ба Бунер ба қайд расиданд. Ман онҳоро ҳушдор медиҳам, ки ин ноҳияро тарк кунанд. Агар онҳо ба дасти мо афтанд, раҳм намекунем. Чунки нияти мо ин аст, ки Бунер ва дигар ноҳияҳоро таҳти контроли ҳукумат дарорем. Агар касе кӯшиши гирифтани пеши роҳи моро кунад, тадбирҳо меандешем".

Раҳмон Малик афзуд, ки дигар ҳеҷ илоҷи гирифтани пеши роҳи нирӯҳои амниятии ҳукуматӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG