Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшоду Холид дар Рашт аз бам ҷароҳат бардоштанд


Имрӯз дар деҳи Шаҳри Нави ноҳияи Рашт дар натиҷаи инфиҷори як бами дастӣ ду нафар маҷруҳ шуданд ва ҳоло дар бемористони марказии ноҳия зери назари табибон қарор доранд. Дилшоди 18-сола ва Холиди 11-сола бами дастиеро пайдо карданд ва хостанд бо он бозӣ ва инфиҷори бамро бубинанд. Яке аз онҳо бамро ба санги наздашон зад, бам мунфаҷир шуд ва ҳар ду ҷароҳат бардоштанд. Табибон мегӯянд, вазъи саломатии Дилшод вазнин аст. Ба эҳтимоли зиёд ин бам аз солҳои ҷанги дохилӣ боқӣ монда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG