Пайвандҳои дастрасӣ

Президентҳо ба дархости Назарбоев гӯш надоданд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз чап ва ҳамтои тоҷики ӯ -- Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз чап ва ҳамтои тоҷики ӯ -- Эмомалӣ Раҳмон

Президентҳои Узбакистон, Қирғизистон ва дар поён Тоҷикистон дархости Назарбоевро нодида гирифтанд.

Аз ибтидо Назарбоев аз президентҳо хоҳиш кард, ба масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо дахл накунанд, зеро ҳадафи ҳамоиш наҷоти Арал аст. Вале Ислом Каримов, ки дар охир ба вай навбати сухан расида буд, гуфт, бунёди нерӯгоҳҳо бояд бо машвараи кишварҳои минтақа сурат бигирад ва алъон дар ин маврид на танҳо се кишвари поёноб Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, балки созмонҳои байнулмилалӣ, ба шумули Бонки ҷаҳонӣ низ дар як мавқеъ қарор доранд.

Сарвари Узбакистон гуфт, «моро на танҳо Бонки ҷаҳонӣ ва бонки Осиё, балки созмони Иттиҳоди Аврупо дар шахси ҷаноби Пйер Морел, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо, ки борҳо ба минтақа ва аз ҷумла ба Қирғизистону Тоҷикистон сафар кардааст, пуштибонӣ мекунанд».

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ин мавқеи танҳо се кишвари поёноб нест, балки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Аз сӯи дигар, Ислом Каримов хостори он шуд, ки ба ин масъала кишварҳои сеюм, ки онон низ ҳадафҳои хешро доранд, дахолат накунанд ва масъалаи истифодаи захоири обу барқи минтақаро кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳи машварату маслиҳат ҳаллу фасл намоянд.

Сарвари Ӯзбакистон таъкид намуд, ки ағлаби ин тарҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳҳо дар даврони шӯравӣ кашида шудаанд ва дар он замон онҳо мавриди омӯзиши амиқ қарор нагирифта буданд.

Вале дар ҳамин ҳол Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки қабл аз Каримов сухан гуфта буд, бо такя ба хулосаи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2004 хостори он шуд, ки кишварҳои поёноб маблағи оберо, ки кишварҳои болооб ҷамъ меоваранд, бипардозанд.

Дар ниҳояти нишаст, вақте Нурсултон Назарбоев масъалаи қабули баёнияи муштараки ширкаткунандагони нишастро ба миён гузошт, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба қабули ҳуҷҷат дар шакли пешниҳодшуда мухолиф баромад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон талаб кард, ки аз ҳуҷҷат ду банди марбут ба масъалапҳои обу барқ берун карда шавад, зеро ин масъала дар ин нишаст мавриди муҳокима қарор нагирифт.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки таҳқиқи масъалаи обу барқро на аз тарҳу сохтмони нерӯгоҳҳо, балки аз обанборҳо бояд шурӯъ кард, ки ҳаҷми об дар он ду маротиба бештар аз баҳри Арал хоҳад буд.

Назарбоев ин пешниҳодро пазируфт ва гуфт, ки ҳуҷҷат аз ҷониби коршиносон бидуни ин нукта омода хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG