Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии тими футболи «Локомотив» (Маскав) барканор шуд.

Натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими гузашта ва оғози мавсими имсола футболдорони «Локомотив»-ро водор карданд, то сармураббиро аз вазифа сабукдуш кунанд. Бохти охирини «Локомотив»-и Маскав дар Премйер-Лигаи Русия аз дастаи «Кубан» косаи сабри футболдорони дастаро лабрез кард. Торнамои «Футболи Тоҷикистон» аз субҳи имрӯз бо такя ба расонаҳои русӣ навишта буд, ки Рашид Раҳимов ба истеъфо фиристода хоҳад шуд. Ин хабар бегоҳи рӯзи 28-уми апрел расман тасдиқ шуд.

Ҳамакнун, иҷрокунандаи ин вазифа Владимир Маминов, бозигари маъруфи рус хоҳад буд. Ду дастпарвардаи дигари футболи тоҷик – Игор Черевченко ва Сергей Мандреко ба ӯ ёвар хоҳанд буд.

Рашид Раҳимов якуним соли қабл аз дастаи «Амкар»-и Перм ба «Локомотив» омада буд. «Амкар» таҳти раҳбарии Р. Раҳимов дар соли 2007 нахустин бор ба дастоварди назаррас ноил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни 16 даста ҷои 8-умро ба даст овард.

Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1963 таваллуд шудааст. Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Аввалин мураббиаш шодравон Сироҷ Носиров мебошад. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст. Р. Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи Ҷоми Русия (1992) мебошад.

Рашид Раҳимов пас аз гирифтани муҷаввиз аз соли 2002 ба кори мураббигӣ пардохта, ба бошгоҳи «Адмира-Ваккер» (Австрия) раҳбарӣ мекунад. Моҳи сентябри соли 2006 вай вазифаи сармураббии дастаи «Амкар»-и Пермро ба уҳда гирифт ва дар натиҷаи раҳбарии устодонаи худ ин дастаро аз хавфи хориҷ шудан аз дивизиони олии футболи Русия наҷот дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG