Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Раҳимов аз "Локомотив" рафт


Имрӯз хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки Рашид Раҳимов-сармураббии дастаи футболи "Локомотив"-и ин кишвар аз мақоми худ барканор шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии "Локомотив" низ хабаре чоп кардааст. Рашид Раҳимов-дастпарвари футболи тоҷик як сол дар ин даста мақоми сармураббиро бар ӯҳда дошт. Қабл аз он вай тақрибан якуним сол дастаи "Амкар"-и вилояти Перми Русияро машқ медод ва дар "Амакр" даста комёб буд. Вале баъд аз бохти ахири "Локомотив" бар дастаи "Кубан"-и Краснодар бар ҳисоби 1:0 масъалаи идомаи кори Рашид Раҳимов дар "Локомотив" ҳал шуд.
XS
SM
MD
LG