Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои шадид барои таъмини амнияти ҷашни лағвшуда


Имрӯз ҳазорон нафар кормандони пулис кӯчаву хиёбонҳои Кобулро зери назорат гирифта буданд, то размандагони муҷоҳидин пирӯзии солҳои 1980-ӯми худ бар нируҳои Иттиҳоди Шӯравиро таҷлил кунанд. Имсол мақомоти расмии Афғонистон баргузории ҳар гуна тадбирҳои иҷтимоиро дар ин рӯз мамнуъ эълон карданд. Соли гузашта дар ҳамин рӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур дар расми гузашти низомиён ширкат дошт ва ба ширкаткунандагони он ҳамла анҷом гирифт. Дар ин ҳамла се нафар кушта шуд, ки яке аз онҳо узви порламон буд ва дар саҳна тақрибан дар паҳлӯи Ҳомид Карзай қарор дошт. Мустафо Вардак-сухангӯи пулиси Кобул гуфт, имрӯз дар Кобул ва атрофи он барои таъмини амният 7300 нафар кормандони пулис, сарбозон ва нируҳои НАТО мустақар буданд.

XS
SM
MD
LG