Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба бемории зукоми хук


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омодагӣ барои пешгирӣ аз бемории зукоми хукро ба дараҷаи "чаҳор" баровардааст. Ин ду дараҷа поинтар аз дараҷест, ки созмони мазкур бемориеро сартосарӣ ё ҳамагир эълон кунад. Созмони мазкур таъйид кардааст, ки 72 мавриди ин беморӣ дар 5 кишвар сабти ном шудааст. Эндрулла Вассилоиу-коммиссари беҳдошти Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Бруссел гуфт:

"Вазъро набояд касе кам бубинад, вале барои пахши шоеъот низ сабабе вуҷуд надорад. Дар ҳамкории наздик бо ҳамтоёнамон дар саросари ҷаҳон ва бо пешниҳоди иттилоъи ошкор мо ҳама чораҳоро идома медиҳем, то саломатии шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупоро ҳифз кунем".

Мақомоти беҳдоштии Мексика, яъне кишваре, ки ангезандаи зукоми хук дар он ҷо ошкор шудааст, мегӯянд, ки шумораи афроди даргузашта аз ин беморӣ ба 152 нафар расидааст. Имрӯз Грегорӣ Ҳартл-сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки СММ ҳеҷ гуна маҳдудияти сафарро пешниҳод накардааст.

XS
SM
MD
LG