Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили суханронии раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, таҳдид намуд, ки асноди нишастро имзо нахоҳад кард.

Ҷаноби Раҳмон талаб кард, ду банди марбут ба масъалаи обу барқ аз санади ниҳоии нишаст ихтисор карда шаванд, дар акси ҳол ин санадро имзо нахоҳад кард.

Дар ин бандҳо гуфта мешуд, ки бояд дар масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ назари кишварҳои савум ба ҳисоб гирифта шавад.

Каримов гуфт, алъон дар ин маврид на танҳо се кишвари поёноб Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, балки созмонхои байнулмилалӣ, ба шумули Бонки Ҷаҳонӣ низ дар як мавқеъ қарор доранд ва он ин аст, ки бунёди нерӯгоҳҳо ба кишварҳои поёноб зарар ва хатар дорад.

Дар оғози нишасти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти Арал ҳарчанд Нурсултон Назарбоев аз ҳамтоёнаш хохиш кард, ки танҳо дар мавриди Арал сӯҳбат кунанд ва ба масъалаи бунёди нерӯгоҳо дахолат накунанд, вале Ислом Каримов, ки Назарбоев дар охир ба вай навбати сухан дод, боз ба ин масъала дахл кард.

Баъди суханронии сарвари Узбакистон Раҳмон таъкид кард, ки аз протокол банди марбут ба масъалаи обу барқро берун кунанд. Назарбоев гуфт, ки аз коршиносон хоҳиш хоҳад кард, ки ҳуҷҷат бидуни ин нукта омода шавад.
XS
SM
MD
LG