Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонони ҷавони таеквондои Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF байни навҷавонон бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқа Давлатшоҳ Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 300 варзишгар аз вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз рақобат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни навҷавонон варзишгарони шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Тоҷиев (45 кг), Сиёвуш Ҳасанов (48 кг), Неъматуллоҳ Маҳмадҷонов (63 кг), Суннатуллоҳ Шеров (68 кг) ва Сӯҳроб Қаландаров (73 кг), аъзои дастаи Душанбе Маҳмадалии Маҳмадсаид (51 кг) ва Раҳматҷон Аҳмадов (55 кг), инчунин, намояндаи шаҳри Ваҳдат Фарҳод Бегматов (59 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар сабқати духтарон намояндагони шаҳри Турсунзода Маликахон Юлдошева (46 кг), Муҳаббат Бойназарова (49 кг) ва Муҳайё Норова (59 кг), варзишгарони Қӯрғонтеппа Фотима Мирзоева (44 кг) ва Замира Мӯъминова (55 кг), душанбегӣ Бунафша Саидалиева (59 кг) ва узви дастаи ноҳияи Восеъ Фариза Сафарова (42 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тими ғолиб - мунтахаби Душанбе, дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷои дуввум ва дастаи ноҳияи Восеъ дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Давлатшоҳ Мирзоев беҳтарин варзишгарони кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба таеквон-до WTF, ки авохири моҳи май дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG