Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми апрел доир шуд, президент Раҳмон мавзӯи омодагиҳо ба зимистони ояндаро дар миён гузоштааст.

Вай аз командаи ҳукуматаш дар марказ ва навоҳии дигар хостааст, ки марказҳои барқу гармидиҳӣ, гази табиӣ, бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва шароити гузариш ба фурӯзандаҳои каммасрафро фароҳам оваранд. Доир ба масъалаи омодагӣ ба зимистон нақшаи барномаҳо ва як ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин, дар ин нишаст раисҷумҳур ба тағйироти кадрӣ даст зада, Умеди Давлатзод, муовини раҳбари Ориёнбонкро ба мансаби муовини вазири рушди иқтисод, Шӯҳратҷон Раҳматбоевро ба муовинии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Эшонҷон Маҳмудовро намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин кардааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015, 10 корхонаи нави ин соҳа бунёд меёбад. Феълан, дар кишвар панҷ чунин корхона фаъолият мекардааст.

Ҳамчунин, Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маориф Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ карда шуданд.

Дар фароварди маҷлис президенти Тоҷикистон бори дигар гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафро қотеъона талаб намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG