Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба Ҷумбиши адами тааҳҳуд ҳамроҳ мешавад


Итар-Тасс гузориш медиҳад, ки дар нишасти кишварҳои узви Ҷумбиши адами тааҳҳуд дар Ҳаванаи Куба Тоҷикистон хостори ба ҳайси давлати нозири ин созмон пазируфта шудани Душанбе аризае додааст. Оҷонсии русӣ аз қавли Абелардо Морено, муовини вазири умури хориҷии Куба гуфтааст, ки аризаи Тоҷикистон пазируфта шуд ва тасдиқи расмии он дар нишасти баъдии вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон сурат хоҳад гирифт. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
Ба узвияти ин созмон феълан 118 давлат шомил ҳастанд. Ин созмони байналмилалӣ, ки соли 1955 ташкил шудааст, давлатҳоеро муттаҳид мекунад, ки худро аз узвият ва ё мухолифат ба ҳама гуна эътилофи абарқудрати низомӣ, мисли НАТО, дар канор медоранд. Аз ҷумҳуриҳои шӯравии пешин Туркманистон, Ӯзбакистон, Беларус аъзои ин созмон буда, Озарбойҷону Қазоқистон, Арманистону Украина ва Қирғизистон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG