Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии нақши Ислом дар як нишасти Душанбе


Имрӯз дар Душанбе нақши дини Ислом дар гуфтугӯйи байни мазоҳиб дар як конфронси байнулмиаллӣ баҳс хоҳад шуд. Дар ин конфронс, ки бо пуштибонии сафорати Қазоқистон дар Душанбе ва Донишкадаи исломӣ ташкил шудааст, фаъолони сиёсӣ, коршиносон, донишмандон ва намояндагони сафоратхонаҳо ширкат ва суханронӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ин конфронс ба 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, ки ба қавли мақомоти расмӣ наваду нӯҳ дарсади сокинони мусулмонони кишвар аз он пайравӣ мекунанд, итхтисос ёфтааст. Соли бузургдошти Имоми Аъзам як сол пештар дар Душанбе аз сӯйи президент Раҳмон эълон шуд.
XS
SM
MD
LG