Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои муҳокимаи сарбозони амрикоӣ дар Ироқ


Сиёсатмадорони ироқӣ тақозо доранд, ки додгоҳҳои ин кишвар ҳақи муҳокимаи сарбозони амрикоиро ба даст оваранд. Ин талаб баъди рейди рӯзи шанбеи нирӯҳои амрикоӣ дар шаҳри ҷанубии Кут, ки ду нафарро кушта бар ҷой гузошт, боз ҳам доғтар мешавад. Як сухангӯи наздик ба ҷангиёни рӯҳонии тундрав Муқтадо Садр гуфт, ки ин амалиёт "табиати ғайриинсонӣ ва ҷиноӣ доштани нирӯҳои амрикоиро" ба намоиш гузошт. Ҳарит Ал-Убайдӣ, як вакили суннимазҳаби парлумон ва муовини раиси Кумитаи ҳуқуқи башар гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ бояд масъулияти қонунии паёмадҳои рӯйдодҳои ахирро ба дӯш бигиранд. Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ рейдҳои мазкурро ҳамчун поймолкунандаи созишномаи амниятӣ бо Амрико маҳкум кард. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки ироқиҳо дар бораи роҳандозӣ шудани чунин як амалиёт аз пеш огоҳонида шуданд.
XS
SM
MD
LG