Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси марзии Словения ва Хорватия


Иттиҳодияи Аврупо аз Словения ва Хорватия тақозо кард, ки барои ҳалли баҳсҳои марзиашон ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунанд. Дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо узви ин иттиҳод Словения хостори ин шуд, ки баҳси сари халиҷи хурдеро дар баҳри Адриатикӣ дар ихтиёри трибунали байналмилалӣ қарор диҳанд, то ки Хорватия тавонад музокираҳои узвияташро дар Иттиҳодияи Аврупо то охири соли ҷорӣ бидуни мушкил пеш барад. Рӯзи ҷумъаи гузашта музокираҳо дар ин мавзӯъ мутаваққиф шуд, ки барои Хорватияи умедвори узвият дар Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2011 ҳамчун ақибнишинии ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG