Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Браун ва мақомоти Покистон


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун дирӯз бо раҳбарияти Покистон хатароти ифротгароиву терроризмро баррасӣ кард. Дар як мулоқот дар Исломобод Браун бо раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Покистон - Осиф Алии Зардорӣ ва Юсуф Ризо Гелонӣ дидор кард. Браун дар як нишасти матбуотии муштарак гуфт, ки дар муборизаи ду давлат зидди терроризм "саҳифаи нав" боз мешавад. Вай афзуд:

"Мо бо азми қавӣ барои ба як марҳилаи нав расондани талошҳоямон муттаҳид мешавем. Ман мӯътақидам, ки имрӯз мо саҳифаи тозаро дар равобити миёни давлатҳоямон боз мекунем, ки тақвияти ҳамкориҳо дар самти муқобила бо терроризм ва пуштибонӣ аз рушди бештарро дар солҳои оянда дар назар мегирад".

Браун дар сӯҳбат бо президент Зардорӣ инчунин гуфт, ки дар ҳамаи ин масоил роҳандозии музокираҳои стратегӣ зарур аст. Браун ба Исломобод бо як сафари ғайримунтазира баъди мулоқот бо сарбозони бритониёӣ дар ҷануби Афғонистон ва раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳомиди Карзай ворид шуд. Браун гуфт, ки стратегияи нави Бритониё, ки қарор аст рӯзи чоршанбе муаррифӣ шавад, Афғонистону Покистонро дар ҳамҷоягӣ, аммо бо назардошти вижагиҳои шароити ин кишварҳо дар бар хоҳад гирифт. Бритониё дуюмин давлати саҳмгузор дар мубориза зидди террор дар Афғонистон аст, ки ҳудудан 8300 сарбоз дорад. Ин нирӯҳо дар ҳайати НАТО хизмат мекунанд. Бритониё ваъда додааст, ки қабл аз баргузории интихоботи президентӣ ба Афғонистон нирӯи бештар мефиристад.
XS
SM
MD
LG