Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағироти кадрӣ дар ҷаласаи ҳукуматӣ


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе доир шуд, президент Раҳмон мавзӯи омодагиҳо ба зимистони ояндаро дар миён гузоштааст. Вай аз командаи ҳукуматаш дар марказ ва навоҳии дигар хостааст, ки марказҳои барқу гармидиҳӣ, гази табиӣ, бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва шароити гузариш ба фурӯзандаҳои каммасрафро фароҳам оваранд. Доир ба масъалаи омодагӣ ба зимистон нақшаи барномаҳо ва як ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст. Ҳамчунин дар ин нишаст раисиҷумҳур ба тағйироти кадрӣ даст зада, Умеди Давлатзод, муовини раҳбари Ориёнбонкро ба мансаби муовини вазири рушди иқтисод, Шӯҳратҷон Раҳматбоевро ба муовинии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Эшонҷон Маҳмудовро намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин кардааст.
XS
SM
MD
LG