Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкоршавии махфигоҳи силоҳ дар Сарбанд


РИА Новости хабар медиҳад, ки мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон як махфигоҳи азими силоҳро дар қаламрави шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ошкор кардаанд. Дар дохили ин пинҳонгоҳ миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангӣ ниҳон будааст. Ин махфигоҳ дар натиҷаи амалиёти вижа ошкор шудааст. Масъулини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар миёни муҳимоти ошкор ва забтшуда 2 автомати Калашников, 6 тапонча, 2 гранатомед, 6 норинҷаки дастӣ, 11 силоҳи чӯпонӣ ва беш аз 1500 тир мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG