Пайвандҳои дастрасӣ

Зукоми хук аз инсон ба инсон мегузарад


Созмони ҷаҳонии беҳдошт дараҷаи хатари олудашавӣ ба вируси марговари зукоми хукро дар сатҳи "чор" муқаррар кард, ки ду дараҷа камтар аз дараҷаи хатари фарогири эпидемиологӣ мебошад. Мақомоти беҳдошти шаҳри Мехико, ки аслан худи сироят аз ин ҷо буруз кардааст, гуфтанд, ки чунин ҳушдор маънои онро дорад, ки ин беморӣ аз инсон ба инсон мегузарад ва метавонад ҳадди аққал дар қаламрави як давлат шуюъ кунад. Дар ҳамин ҳол, вазири беҳдошти Шотландия тасдиқ кард, ки ду нафари тоза аз Мехико баргашта олуда ба вируси зукоми хук шудаанд. Дар Бритониё ҳафт нафар бо нишонаҳои ин беморӣ дар касалхона ба сар мебаранд. Ба ин тартиб ҳоло дар панҷ давлат мавридҳои гирифторӣ ба вирус ба қайд расидааст, аз ҷумла дар ИМА, ки ба назари раиси ҷумҳурии ин кишвар Барак Обама мояи нигаронӣ аст, аммо ин ҳанӯз бими хатар нест:

“Мо ҳамаи мавридҳои ошкор шудани нишонаҳои зукоми хук дар Иёлоти Муттаҳидаро бодиққат назорат мекунем. Албатта ин масъала сабаби нигарониҳо ва таваҷҷуҳи вижа шудааст. Аммо ҳанӯз фурсате нест, ки бонги хатар бизанем. Вазорати беҳдошт ва хадамоти мардумӣ ба хотири эҳтиёт дар кишвар ҳолати изтирории тиббӣ ҷорӣ кардааст. Аз ин роҳ мо мутмаин хоҳем шуд, ки барои вокуниши саривақтӣ ва амалӣ тамоми манобеъи лозимаро дар ихтиёр дорем”.

Бозор дар вокуниш ба ин касал, ки то имрӯз ҷони 150 нафарро дар Мексика гирифтааст, бо асабоният посух дод.
XS
SM
MD
LG