Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Браун бо раҳбарони аввали Покистон


Сарвазири Бритониё Гордон Браун имрӯз дар Покистон бо раиси он ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазир Юсуфризо Гелонӣ таҳдиди ношӣ аз терроризм ва ифротгароиро баррасӣ кард. Браун дар пайи боздидаш аз Афғонистон ва мулоқот бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай вориди Покистон шуд. Гордон Браун дар Кобул марзи Афғонистон бо Покистонро нуқтаи аслии набард бо терроризм хонд. Қарор аст, Бритониё рӯзи чоршанбе стротежии ҷадидаш дар қиболи Афғонистону Покистонро нашр кунад.
XS
SM
MD
LG