Пайвандҳои дастрасӣ

Сайри Боғи ҷонварони Душанбе


Шаш гектар масоҳати маркази Душанберо ягона боғи ҷонварон дар Тоҷикистон ишғол кардааст. Дар он 900 сар ҷонвар ва парранда ( 130 намуди хазандаву даррандаву парранда) ба маъраз гузошта шудааст. Аз моҳӣ сар карда, то ба шеру палангу шутур.

Ба ин қатор ба наздикӣ бояд як баҳмут ҳам аз Калининград бипайвандад. Вале ҳанӯз дақиқан маълум нест, ки меҳмонони Боғи ҷонварони Душанбе кай баҳмутро мебинанд, чун барои оварданаш як ҳавопаймои алоҳидаи низомӣ лозим аст, коре ки осон нест.

Мехоҳед, бидонед, ки хонаи фил кай соҳиби худро пайдо хоҳад кард ва дар Боғи ҷонварони Душанбе аз замоне ки Шумо охирин бор он ҷо будед, чӣ тағйироте дидааст? Ҳамроҳ бо Радиои Озодӣ ба сайри виртуалии Боғи ҷонварони Душанбе биравед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG