Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка попи Румро ба Беларус даъват кард


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка имрӯз тайи мулоқоти 25-дақиқиаш дар Ватикан попи Рум Бенедикти 16-ро барои боздид ба Беларус даъват кард. Қарор аст, Лукашенка бо бо сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ва вазири хориҷаи он кишвар Франко Фраттинӣ низ мулоқот кунад. Фраттинӣ гуфт, раҳбарони Итолиё дар мулоқотҳои худ ба Лукашенка хоҳанд гуфт, ки ҳуқуқи башарро эҳтиром кунад. Сафари раисиҷумҳури Беларус ба Итолиё як нуқтаи чархиш дар сиёсати Минск қаламдод мешавад, чунки Аврупо тайи чандин сол раҳбарони Беларусро ба маҳзи таъқиби мухолифин ва матбуоти мустақил дар инзивоъ қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG