Пайвандҳои дастрасӣ

Бахмина аз маҳбас озод шуд


Светлана Бахмина, собиқ вакили ҳуқуқии ширкати нафти ЮКОС, имрӯз аз маҳбасе дар канори Маскав озод шуд. Додгоҳи пойтахти Русия дар ҳафтаи гузашта ҳукм кард, ки Светлана Бахмина ҳаққи афв шудан дорад. Бахмина соли 2006 бо ҷурми сирқати пул ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда, соли гузашта фарзанди севвумашро дар маҳбас ба дунё овард. Бархе нозирон ҳукми зиндони Бахминаро ҷузъе аз маъракаи алайҳи раҳбари низ зиндонишудаи ЮКОС Михаил Ходорковский ба роҳ андохтаи давлати Русия медонанд.
XS
SM
MD
LG