Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ширкаташ дар интихоботро таъйид кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар нишасти бо сарвазири Бритониё Гордон Браун муштараки хабариаш таъйид кард, ки дар интихоботи рӯзи 20 август ба хотири дарёфти давраи нави раёсат вориди сабқат хоҳад шуд. Аммо ӯ нагуфт, кай ҳамчун номзад сабти ном хоҳад шуд. Карзай аз поёни соли 2001, дар пайи суқути давлати Толибон, раҳбарии Афғонистонро бар ӯҳда дорад. Карзай дар интихоботи имсола бо номзадҳое, чун вазири пешини хориҷа Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазирони пешини молия Анварулҳақ Аҳадӣ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва волии собиқи Қандаҳор Гулоқо Шерзай вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG