Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

General Motors 21 000 коргарашро ихтисор мекунад


General Motors, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико, ки дар вазъи мушкили молӣ қарор дорад, имрӯз эълон кард, ки то поёни сол 21 000 ҷойи кор дар корхонаҳои воқеъ дар Амрикояшро ихтисор карда, аз тамғаи маъруфи Pontiac даст мекашад. Ин барномаи ислоҳоти сохторӣ ҷузъе аз талошҳо ба хотири ба даст овардани ёриҳои давлатист. General Motors ба хотири ҳифзи худ аз давлати Амрико 15,4 миллиард доллар қарз гирифта, бояд ё то 1 июн ислоҳоти сохторӣ доир кунад ваё ба варшикастагӣ мувоҷеҳ шавад. Кохи Сафед иқдомоти имрӯзаро гоми муҳим дар роҳи ислоҳоти сохтории General Motors номид.
XS
SM
MD
LG