Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо дар шимолу ғарби Покистон


Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ имрӯз 20 ҷангиро дар ноҳияи Ловердир дар устони шимолу ғарбӣ ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, дирӯз 26 ҷангӣ дар амалиёте кушта шуданд, ки артиш дар посух ба ҳалокати як сарбоз бар асари шабехуни ҷангиён ба роҳ андохтанд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд, қарордоди оташбас дар минтақа ба қувваи худ барҷост, вале хабаргузориҳо аз қавли сухангӯи Толибон овардаанд, ки ин қарордодро “беарзиш” хондааст. Амрико низ қарордоди сулҳ бо ҷангиёни толиб дар водии Свотро ақибнишинии Покистон дар баробари ифротиён номида, хостори иқдомоти шадидтар алайҳи ҷангиён шудааст.
XS
SM
MD
LG