Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии номзади Кремлин дар интихоботи Сочӣ


Дар интихоботи шаҳрдори Сочӣ, ки соли 2014 мизбонии Бозиҳои зимистонаи олимпиро бар дӯш хоҳад дошт, номзади Кремлин барандаи мутлақ эълон шуд. Бар асоси шумориши тақрибан 80 дарсади оро, Анатолий Пахомов наздики 77 дарсад ва рақиби аслиаш Борис Немтсов танҳо 13,5 фоизи оро ба даст овардаанд. Номзади ҳизби коммунист Юрий Дзагания бо касби 6,6 дарсади оро дар мақоми севвум аст. Аммо Немтсову Дзагания ҳарду интихоботро ғайриодилона хондаанд.
XS
SM
MD
LG