Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собирӣ ба гуруснанишиниаш идома медиҳад


Ризо Собирӣ, падари хабарнигори амрикоии дар Эрон зиндонишуда, мегӯяд, Роксана Собирӣ бо вуҷуди заъифу нотавон шуданаш аҳд кардааст, ки ба гуруснанишинии худ то замони раҳоияш аз маҳбас идома диҳад. Собирӣ, ки шаҳрвандии ҳам Амрико ва ҳам Эронро дорад, 10 рӯз қабл дар як додгоҳи Эрон бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Волидонаш ӯро дирӯз, дар зодрӯзаш, ва ҳам имрӯз дар зиндони Эвини Теҳрон аёдат карданд. Амрико ҷароими алайҳи Собирӣ эълоншударо бепоя хонда, раҳоии ӯро аз маҳбас тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG