Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка имрӯз ба Итолиё сафар мекунад


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка имрӯз ба Итолиё сафар кард. Вазири хориҷаи Итолиё Франко Фраттинӣ гуфт, раҳбарони ин кишвар дар мулоқотҳои худ ба Лукашенка хоҳанд гуфт, ки ҳуқуқи башарро эҳтиром кунад. Қарор аст, Лукашенко имрӯз баъд аз зӯҳр бо Фраттинӣ ва бо сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ мулоқот кунад. Мулоқоти ӯ бо попи Рум Бенедикти 16 низ дар назар аст. Сафари раисиҷумҳури Беларус ба Итолиё як нуқтаи чархиш дар сиёсати Минск қаламдод мешавад, чунки Аврупо тайи чандин сол раҳбарони Беларусро ба маҳзи таъқиби мухолифин ва матбуоти мустақил дар инзивоъ қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG