Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири изофии Душанбе алайҳи зукоми хук


Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, низ гуфтааст, дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар низ назорати санитарӣ тақвият дода хоҳад шуд. Сардухтури вогиршиносии Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд, маъмурони фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳанро аз аломатҳои зукоми хук хабардор кардаанд. Аммо оқои Мирзоев ба ин далел, ки Тоҷикистон аз Мексикаву Амрико маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти хук ворид намекунад, эҳтимоли шуйюъи ин беморӣ дар Тоҷикистонро хеле ночиз хондааст.
XS
SM
MD
LG