Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи нахустин мавриди зукоми хук дар Испания


Мақомоти беҳдоштии Испания нахустин мавриди зукоми хук дар ин кишвари аврупоиро таъйид карда гуфтаанд, марди бемор ахиран аз Мексика баргаштааст. Тайи чанд рӯзи кашф шудани зукоми хук дар Мексика бар асари ин беморӣ беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст дода., мавридҳои гирифторӣ ба зукоми хук ҳамчунин дар Амрикову Канада низ мушоҳида шудаанд. Куммиссиюни Аврупо имрӯз хостори даъвати нишасти изтирории вузарои беҳдошти кишварҳои ин созмон ба хотири баҳси роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши зукоми хук шуд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба ин манзур тадобири изофӣ андешидаанд.
XS
SM
MD
LG