Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зукоми мурғ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад"


Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфтааст, зукоми хук ба Тоҷикистон аслан таҳдид намекунад ва касе набояд нигарони ин беморӣ бошад. Оқои Мирзоев гуфтааст, Тоҷикистон аз хориҷ ва аз ҷумла аз Мексика, гӯшти хук ворид намекунад ва мардуми кишвар ҳам, ки аксарияти кулл мусалмонанд, ба далоили мазҳабӣ гӯшти хук намехӯранд. Аъзам Мирзоев, афзуд, ба ин далоил, эҳтимоли бурузи ин беморӣ дар Тоҷикистон ғайривоқеъист. Сардухтури вогиршиносии Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд, маъмурони фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳанро аз аломатҳои зукоми хук хабардор кардаанд ва дар сурати кашфи ҳарорати баланд дар бадани мусофирон он мусофири маризро аз ҳавопаймову қатор пойин хоҳанд кард. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, Тоҷикистон аз Мексикаву Амрико маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти хук, ворид намекунад ва тайи соли ҷорӣ ягон мавриди воридоти ғайриқонунии чунин маҳсулот аз он ду кишвар низ мушоҳида нашудааст.

XS
SM
MD
LG