Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз зукоми хук


Кишварҳои ҷаҳон ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши бемории қаттоли зукоми мурғ даст ба як силсила иқдомот задаанд. Тайи ҳамагӣ чанд рӯзи кашфи ин беморӣ дар Мексика алакай беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст дода, мавридҳои гирифторӣ ба зукоми хук ҳамчунин дар Амрикову Канада низ мушоҳида шудаанд. Аз манотиқи аз Мексика дуре, чун Аврупову Зеландия нав, низ дар бораи мавридҳои эҳтимолии печидан ба ин бемории қаттол хабар мерасад. Куммиссари беҳдошти ИА Андроулла Василиу имрӯз хостори даъвати нишасти изтирории вузарои беҳдошти кишварҳои ин созмон ба хотири баҳси роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши зукоми хук шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG