Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи Тоҷик" қарзи Сангтӯдаро пардохт кардааст


Ширкати “Барқи Тоҷик” беш аз 10 миллион доллар қарзаш аз нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро пардохт карда, ба ин тартиб, охирин мониа аз роҳи ифтитоҳи комили ин нирӯгоҳро аз миён бардошт. Дар ин бора муовини сарвазири Тоҷикистон Асадуллоҳ Ғуломов ахиран дар мулоқот бо ноиби сарвазири Русия Игор Сечин хабар дод. Расми ифтитоҳи Сангтӯда-1, ки бар пояи сармоягузории Русия бунёд мешавад, қарор аст, рӯзи 15 май дар ҳузури руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев барпо шавад.
XS
SM
MD
LG