Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш қасди худкушӣ дар ду рӯз ва танҳо дар Суғд


Тайи 2 рӯзи охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд 6 мавриди худкушӣ, аз ҷумла дар 5 маврид аз роҳи худро овехтан, сабт шуда, синни онҳое, ки даст ба ҷони худ задаанд, аз 13 то 38 солро ташкил медиҳад. Ношири ин хабар – хабаргузории “Азия Плюс”, аз қавли мақомоти умури дохилии Суғд навишт, ду нафар – як хонандаи синфи 6 ва як духтари 17-соларо тавонистаанд наҷот диҳанд. Сокини ноҳияи Конибодом Маъмур Юлдошеви 38-сола худро дар сартарошхонааш овехта, сокини ҷамоати Айнӣ Ёдгор Барокиев ба синаи худ ду бор корд задааст. Як зани 22-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва сокини 18-солаи ҷамоати Оббурдони Мастчоҳ худро дор кашидаанд. Як навраси 13-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов плейери дӯсташро шикаста, низ қасди овехтан кард, вале ӯро наҷот доданд. Як духтари 17-сола дар шаҳри Табошар низ бо модараш ҷанҷол карда, худро ба дор мекашад, вале пайвандонаш тавонистаанд ӯро сари вақт аз ҳалқаи марг наҷот диҳанд.
XS
SM
MD
LG