Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба истифодаи чароғҳои камхарҷ мегузарад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба қароре имзо гузошт, ки аз 1 май ба истифодаи чароғҳои камхарҷ гузаштани кишварро тақозо мекунад. Бар асоси ин қарор, давраи гузариш ба чароғҳои камхарҷ бояд то поёни соли равон ба анҷом расонида шавад. Ҳамчунин ба мақомоти масъул дастур шудааст, 241 000 хонаводаи камбизоатро аз ҳисоби давлат бо чунин чароғҳо таъмин кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гузаштан ба истифодаи танҳо чароғҳои камхарҷро дар паёми имсолааш ба парлумон ва мардуми Тоҷикистон ҳамчун як роҳи сабук кардани шиддати бӯҳрони энержӣ пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG