Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ал-Бағдодӣ тасдиқ шуд


Нахуствазири Ироқ дирӯз хабари боздошти раҳбари шӯришиёни ироқӣ шахсе бо номи Абу Умар Ал-Бағдодиро таъид кард. Нурӣ Ал-Моликӣ гуфтааст, ки бо шаҳодати одамоне, ки ӯро хуб мешинохтанд, шахсияти Ал-Бағдодӣ шиносоӣ шудааст. Ал-Бағдодиро яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар миёни раҳбарони шӯришӣ ном мебаранд. Ӯ раҳбарии ба истилоҳ давлати исломии Ироқро ба ӯҳда дорад ва ҳоло гуфта мешавад, ки ба дасти мақомоти интизомӣ афтодани вай метавонад ҳамчун зарбаи шадиде ба сангари шӯришиён арзёбӣ шавад. Телевизиони давлатӣ мегӯяд, ки Бағдодӣ рӯзи панҷшанбе боздошт шуда то дирӯз мақомот машғули таъиди ҳуввияти вай буданд.
XS
SM
MD
LG