Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба зукоми хук


Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки баъди муборизаҳои панҷсола бо зукоми мурғ ҷаҳон ҳоло барои муқобила бо вируси марговари зукоми хук омодагии беҳтар дорад. Кейҷӣ Фукуда, яке аз раҳбарони масъули ин созмон дар як конфронси телевизионӣ гуфт, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва шарикони он корҳои омодагиро барои шурӯи таҳияи ваксинаи зидди зукоми хук ба роҳ монданд. То имрӯз навъи нави зукоми марговари хук 81 нафарро дар Мексика ба ҳалокат расонда, наздики даҳ танро дар ИМА сироят кардааст.
XS
SM
MD
LG