Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кореяи Шимолӣ писарашро раҳбар карданист


Ким Ён Ун, писари хурдии раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир узви органи олии ҳукумат – Комиссиюни мудофиаи миллӣ таъин шуд. Дар ин бора хабаргузории Ёнхапи Кореяи ҷанубӣ хабар дод. Ба гуфтаи шореҳон, ин таъинот паёми он аст, ки Ким Ён Уни 26 сола шояд ҷойгузини падараш шавад.
Ким Чен Ир се писар дорад ва аммо фарзандони бузургаш вориди саҳнаи сиёсӣ нашуданд. Тибқи баъзе хабарҳо, соли гузашта раҳбари Кореяи шимолӣ, ки алҳол 67 сол дорад, ба сактаи мағзӣ мубтало шуда буд. Ҳарчанд Ким Чен Ир вақтҳои ахир дар ҷамъи мардум пайдо мешавад, расонаҳои хабарии ғарбӣ ва Кореяи ҷанубӣ дар мавриди таъини қарибулвуқӯъи ҷойгузини ӯ ҳадс мезаданд.
XS
SM
MD
LG