Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои барқу газ ба низоми биллинг мегузаранд


Ширкатҳои давлатии “Барқи Тоҷик” ва Тоҷиктрансгаз” ба манзури коҳиш додани харҷи барҳадари барқу газ дар хутути интиқолӣ низоми биллингро ба роҳ хоҳанд андохт. Ҳазинаи ин барнома 30 миллион доллар баровард шудааст, ки 18 миллионашро - Бонки ҷаҳонӣ, 8 миллионашро – Швейтсария ва 4 миллиони боқиро худи давлати Тоҷикистон хоҳанд пардохт.

Низоми биллинг насби ҳисобкунакҳои насли нав ва муҳосибаи компютерии сарфи барқу газро дар назар дорад. Феълан дар Тоҷикистон то 13,9 дарсади барқ ва 7,2 дарсади газ дар роҳ гум мешавад, ваё ба таъбири дигар, ба ҳаво меравад.

XS
SM
MD
LG