Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти собиқ раҳбари коммунист Ибодат Раҳимова


Ибодат Раҳимова, собиқ вакили Шӯрои Олӣ ва фаъоли Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз дунё гузаштааст. Дар ин бора хабаргузории маҳалии “Азия-плюс” хабар дода, мегӯяд, ки маросими дафни Ибодат Раҳимова дар гӯристони “Сари Осиё”-и Душанбе сурат гирифтааст. Ибодат Раҳимова яке аз занҳои фаъоли Тоҷикистон аст, ки дар солҳои 50 ва 80-уми садсолаи гузашта мансабҳои баландеро дар Ҳизби коммунист соҳиб буд. Фаъолияти ҳизбии вай аз солҳои чилум оғоз меёбад ва ӯ аз рӯзҳои нахустини узвияташ дар собиқ КПСС ба унвони котиби комсомол дар Хуҷанд кор кардааст. Ибодат Раҳимова барои фаъолиятҳои ҳизбияш ҳамчунин бо ордену ифтихорномаҳои Ленин ва президиуми Шӯрои Олии собиқ Тоҷикистони Шӯравӣ тақдир шудааст. Вай соли 1922 дар Хуҷанд ба дунё омада буд.
XS
SM
MD
LG