Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври 4-ум


Бозиҳои даври 4-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми апрел баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голро Маҳмадалӣ Содиқов дар дақиқаи 31-ум ба самар расонд. Бозигари меҳмонон Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 67-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард. Баъдан бозигарони «Вахш» Субҳон Хоҷамов ва Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаҳои 87-ум ва 89-ум ду гол заданд. Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти «Хуҷанд» дар мусобиқаи имсола мебошад.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба дарвозаи дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе - ду голи беҷавоб зад. Голҳоро Рустам Ҳасанов (дақиқаи 44-ум) ва Комил Саидов (дақиқаи 90-ум) ба ҳадаф расонданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт. Голи аввал бо кӯмаки Шодибек Ғаффоров, бозигари «Энергетик», зада шуд. Баҳодур Сӯфиев, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 89-ум голи дуввумро ба дарвозаи «Энергетик» ворид кард.

«Спитамен»-и ноҳияи Спитамен дар майдони худ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод ва барои бори аввал шаҳди пирӯзиро чашид. Аъзам Ҳусейнов дар дақиқаҳои 36-ум ва 64-ум ду гол ба самар расонд. Ду голи дигарро Фарҳод Раҳматуллоев ва Ғайрат Абдураззоқов дар дақиқаҳои 50-ум ва 70-ум вориди дарвозаи меҳмонон карданд.

Бозии «Равшан»-и Кӯлоб бо тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Сӯҳроб Эгамбердиев дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Зокир Абдулхайров дар дақиқаи 23-юм ба самар расонд.

Бояд тазаккур дод, ки ду даста – «Вахш» ва «Парвоз» - то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Вахш»

4

3

1

0

10-5

10

2

«Регар» ТадАЗ

4

3

0

1

9-4

9

3

«Парвоз»

4

2

2

0

6-3

8

4

«Истиқлол»

4

2

1

1

7-4

7

5

«Хуҷанд»

4

2

1

1

5-4

7

6

«Равшан»

4

1

1

2

6-7

4

7

«Спитамен»

4

1

1

2

5-7

4

8

«Энергетик»

4

1

0

3

8-9

3

9

«Гвардия»

4

0

2

2

1-8

2

10

CСKA «Помир»

4

0

1

3

3-9

1


Беҳтарин голзанҳо: Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Шуҷоат Неъматов («Регар» ТадАЗ), Нӯъмон Ҳакимов ва Субҳон Хоҷамов (ҳарду - «Вахш»), Зокир Абдулхайров («Равшан») - 3-голӣ.

Бозиҳои даври 5-ум: 2-юми май – «Парвоз» - «Регар» ТадАЗ, «Энергетик» - «Вахш», «Гвардия» - «Истиқлол», 3-юми май – «Хуҷанд» - «Равшан», ССКА «Помир» - «Спитамен».
XS
SM
MD
LG