Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон аз сокинони Душанбе даъват кард, то аз савор шудан ба худравҳои мусофирбарӣ ё худ таксиҳо, ки дар ҳудуди шаҳр бидуни иҷозаи мақомот мегарданд, худдорӣ намоянд.

Ба қавли Абдураҳими Ашур, ин худравҳои бе муҷаввизи мусофиркашӣ ба давлат ҳеҷ гуна андоз намесупоранд ва танҳо ба манфиати шахсии худ фаъолият мекунанд. Вай инчунин афзуд, пеши роҳи фаъолияти онҳоро бинобар сабабе, ки аз худравҳои шахсии сокинони дигар фарқ намекунанд, гирифтан мушкил аст, бинобар ин аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш менамоянд, то дар мавридҳои зарурӣ танҳо аз хизмати худравҳое, ки нишони «Taxi» доранд, истифода баранд. Назари вазири нақлиёти Тоҷикистонро метавонед бишнавед.

Аммо аксари сокинони пойтахт ба ин даъвати вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон нуктаи назари мувофиқ надоранд. Ба андешаи эшон, чунин навъи «таксиҳо» аз ҳама арзон буда, мусофиронро сари вақт ба ҷои лозима мерасонанд. Саидэҳсон Солиев, донишҷӯи соли чоруми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои ӯ фарқ надорад, ки худравҳои мусофиркаш иҷозатнома доранд ё на, муҳим барои онҳо ин аст, ки сари вақт ба ҷои кор ё таҳсил бирасанд.

Аксари соҳибони чунин худравҳо ё ба истилоҳи мақомот «таксиҳои ғайриқонунӣ» мегӯянд, мусофиркашонӣ фаъолияти ҳамешагии онҳо нест. Хусрави Пӯлод, ронандаи худрави «Opel», ки дар яке аз корхонаҳои давлатӣ фаъолият мекунад, мегӯяд, ӯ танҳо дар як рӯз ҳангоми ба кор рафтан ва аз кор баргаштан мусофирони дар роҳ интизорро ба ҳамон самте, ки худ равон аст, ҳамроҳ мегирад. Вай мегӯяд, маоши кам мегирад ва аз маблағи ночизи мусофирон барои хариди сӯзишворӣ истифода мебарад. Ин гуна таксиҳо пас аз манъи Тангемҳо ба роҳ баромадаанд ва аз ронандагон вобаста ба хатсайр 1 сомонӣ ва ё 2 сомонӣ мегиранд.

Феълан дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе шумори ин гуна худравҳо зиёд ба чашм мерасад. Дар шишаи пеши бештари чунин худравҳо навиштаҳои «Корвон», «Садбарг», «Саховат» ва дигар хатсайрҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, аммо бо пайдо шудани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ин навиштаҳо зуд аз шиша гирифта мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG