Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз зуҳури пандемия баъди "зукоми хук"


Дар Мексика ва аксар кишварҳои олам ба хотири ҷилавгирӣ аз хуруҷи маризии “зукоми хук” аз чораҳои оҷил кор гирифта мешавад. Бар асари ин маризӣ дар Мексика аллакай 81 нафар аз олам даргузаштаанд. Тақрибан яку ним ҳазор нафари дигар ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд. Баъди иттилоъи табибони мексикоӣ дар бораи таъийд шудани 20 далели аз як фард ба фарди дигар гузаштани “зукоми хук”, Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳат аз хатари пандемияи нав бонги изтироб зад.
Дар пойтахти Мексико садҳо чорабиниҳои оммавӣ лағв ва мактабҳо баста шудаанд. Мақомот талош доранд, ки ҳама ҷойҳои таҷаммӯъи мардум - тарабхонаву театру варзишгоҳ ва ибодатгоҳҳо низ баста шаванд. Дар ИМА, дар аёлатҳои Калифорния, Канзас ва Техас ҳам дар маҷмӯъ 11 нафар ба “зукоми хук” гирифтор шудаанд, ҳашт нафари онҳо аллакай наҷот ёфтаанд. Дар Гонконг ва Ҷопон ҳама мусофиронро ба хотири ошкор кардани нишонаҳои “зукоми хук” ташхис мекунанд.
XS
SM
MD
LG