Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон ғайриинтизор вориди Бейрут шуд


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, имрӯз бо як сафари ғайриинтизор вориди Лубнон шуд. Ба иттилоъи намояндаи ҳукумати Лубнон, хонум Клинтон бо раисиҷумҳур Мишел Сулаймон ва дигар раҳбарони кишвар музокирот анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин гуфтушунидҳо дурнамоии сиёсии Лубнон дар арафаи интихоботи парлуонии моҳи июн баррасӣ мешавад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар интихобот шояд гурӯҳи исломии “Ҳизбуллоҳ” пирӯз шавад ва ин боиси суқути ҳукумати ғарбгарои Лубнон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки “Ҳизбуллоҳ” аз сӯи Теҳрон пуштибонӣ меёбад.
Дирӯз Ҳиллари Клинтон ҳамин гуна ғайриинтизор ба Бағдод сафар карда буд. Ӯ бо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ, бо сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ ва бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ Реймонд Одиерно, аз ҷумла, вазъи амниятии кишвар ва мавзӯъи дурнамои Ироқ баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоиро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG