Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳзанҳо як киштиро раҳо карда дигареро рабуданд


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ ахиран киштии юнонии “Sadanha”-ро, ки беш аз ду моҳ қабл дар халиҷи Аден рабуда буданд, аз банд раҳо карданд. Миёни 22 маллоҳи киштӣ як шаҳрванди Украина низ буд. Дар бораи ҷузъиёти раҳоии гаравгонҳо иттилоъе зери даст нест. Дар вазорати умури хориҷаи Украина ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки вазъи маллоҳон мӯътадил аст. Дирӯз хабар расида буд, ки раҳзанҳои дарёӣ дар халиҷи Аден киштии мансуб ба як ширкати олмониро рабуданд. Ба иттилоъи мақомоти Кения, ба нафаре аз 17 сарнишини киштӣ осеб нарасидааст. Ҳуввияти афроди гаравгонуфтода ҳанӯз мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG